Авангард (ҳунар)
Аванга́рд (фр. avant-garde — пешсаф), авангарди́зм — номи шартии ҷараёне дар адабиёт ва ҳунари садаи XIX ва XX, ки ба он аз анъанаҳои пешинаи образҳои бадеии реалистӣ дур шудан, ҷустуҷӯи воситаҳои нави тасвиру баён ва шакли шартиву рамзӣ ва зоҳирии асар хос буд.
Ҷараёни авангардизм дар санъат ва адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Авангардистон дар адабиёт ва махсусан дар санъат ба тасвири ҳам ҷудоӣ ва ҳам зиддиятҳои байни идеология ва зиндагӣ мақоми якумдараҷа дода, мавқеи иҷтимоии санъатро дар инъикоси зиндагӣ кам ба назари эътибор мегирифтанд. Онҳо шаклҳои маъмулии эҷодиёти бадеиро на бевосита, балки мувофиқи талаботи мураккабу шартии эстетикӣ тасвир мекарданд ва ба ҳамин восита Авангардизм ба яке аз шохаҳои зоҳиран мавҳуму маҷҳули модернизм мубаддал гардид.
Таърихи истилоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Истилоҳи Авангардизм дар танқиди адабиву бадеии солҳои 20 асри 20 ба вуҷуд омада, солҳои 50 садаи XX дар санъатшиносӣ устувор гардид. Авангардизм зуҳуроти пурра ва мураккаби бӯҳрони маданияти буржуазии садаи XX буда, дар заминаи ҷаҳонбиниву ҷаҳонфаҳмии анархистӣ ва субъективӣ сурат мегирад ва рушду такомул меёбад. Дар солҳои тараққиёти Авангардизм (1905 — 40) хусусиятҳои он дар як қатор мактабҳо ва майлонҳои модернистии он (кубизм, футуризм, дадаизм ва ғайра) зоҳир гаштанд. Авангардизм дар шаклу намудҳои гуногун, аз қабили экспрессионизм, ки ҳомии тасвири барҷастаи эҳтиросоту таассурот буд; дадаизм, ки харобкунандаи эстетика ба шумор мерафт; гурӯҳҳои «чап» ва футуристон, ки ба ҷойи тасвири воқеии зиндагӣ майли зиёд ба тасвири фаъолонаи ҳодисаҳо дошт; сюрреализм, ки тарафдори инъикоси ноаёни тафаккур буд, воқеияти зиндагиро тасвир кард. Баъзе эҷодкорони барҷастаи ба Авангардизм майлдошта ба монанди П. Элюар, Л. Арагон, В. Незвал, Б. Брехт, И. Бехер, Д. Ривера аз ақидаҳои модернистии худ даст кашида, рӯй ба санъати реалистӣ оварданд. Қисме аз авангардистон дар мавқеъҳои индувидуализм ва субъективизми эстетикии худ монданд (Ҷ. Ҷойс, М. Пруст, П. Мондриан, С. Дали, П. Клее). Дар асарҳои аввалини В. В. Маяковский, В. Э. Мейерхолд, С. С. Прокофев барин адибону санъаткорон хусусиятҳои Авангардизм дида мешуд. Дар ибтидои солҳои 30 садаи XX аксар авангардистони Ғарб хусусияти ошӯбгаронаи ошкори эҷодиёти худро гум карданд, ки дар байни онҳо санъаткорони Франсия П. Пикассо, Чили П. Неруда ва диг. буданд. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар кишварҳои Европа тамоюлоти авангардистӣ авҷ гирифта, ҷараёнҳои неоавангардистӣ ба вуҷуд омаданд ва ҳамаи ин ҷараёнҳо, ки қисме аз онҳо модернистӣ шудаанд, ҳоло ҳам фаъолият намуда истодаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Современные проблемы реализма и модернизма, М., 1963;
- Неоавангардическое течение в зарубежной литературе 1930—1960 гг., М., 1972;
- Давыдов Ю Н., Эстетика нигилизма, М., 1975;
- Kramar H., The age of the avantgarde, New-York, 1973. С. Табаров.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Авангард // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.